SpaceX панҷумин озмоиши киштии кайҳонии Starship-ро анҷом дод

    Прототипи киштии Starship дар ҷанубу шарқи иёлати Техаси ИМА ба кор андохта шуд.

    Таъкид менамоем, ки ин панҷумин санҷиш аст. Ҳадафи ин миссия он аст, ки киштии кайҳонӣ дар як нуқтаи муайяни уқёнуси Ҳинд ба таври нарм нишонда, интиқолдиҳандаро ба майдони партов баргардонад. Парвоз дар режими бесарнишин сурат мегирад. Партоби мушак бахше аз стратегияи SpaceX аст, ки дар оянда ба нақша гирифтааст, ки одамонро ба Моҳ ва дар ниҳоят ба Миррих фиристад, хабар медиҳад 24.kz.