Хадамоти махсуси Қазоқистон ҳамлаи террористиро пешгирӣ карданд

    Бехатарӣ 2 Aprel 2024 1185

    1 апрели соли 2024 дар шаҳри Актау Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар мувофиқа бо мақомоти прокуратура як сокини маҳаллиро бо гумони омодагӣ ба амали террористӣ боздошт кард.

    Ҳангоми кофтуков дар маҳалли зисташ ҷузъҳо барои тайёр кардани дастгоҳи тарканда бо унсурҳои харобиовар ва дигар далелҳои шайъӣ мусодира карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст.

    Ӯ пайрави идеологияи динии радикалӣ буда, қаблан барои куштор маҳкум шудааст.

    Нисбати ин шахс бар асоси қисми 1 моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.

    Дигар маълумот мутобиқи қисми 1 моддаи 201 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ набояд фош карда шавад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates