Нақшаҳо оид ба рушди маорифи варзишӣ ва ҳаракати олимпӣ баррасӣ шуданд

    Сарвари давлат зимни боздид аз маркази хадамоти иҷтимоии вилояти Андиҷон бо тақдимоти соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ шинос шуд.

    Ҳоло дар мамлакат беш аз 10 миллион нафар аҳолӣ ба варзиши оммавӣ машғуланд. Дар ноҳияҳо, ҷамоаҳои таълимӣ ва меҳнатӣ мусобиқаҳои гуногун гузаронида мешаванд.

    Ба 15 миллион расонидани ин нишондод чун ҳадаф муқаррар гардидааст. Барои ин «Лигаи маҳалла», «Лигаи мактаб», «Лигаи донишҷӯён», «Ҷоми вазир» ва «Ҷоми иттифоқҳои касаба» барин мусобиқаҳо ташкил карда мешаванд.

    Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 13 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, оид ба интихоб ва такмили маҳорати варзишгарони ҷавон дастуру супоришҳо дода шуд. Мувофиқи он, корҳо бобати ба пояи нав баровардани селексия, таълими варзишӣ ва низоми олимпӣ оғоз гардидааст.

    Дар ин раванд 254 мактаби варзишии вилоятҳо, 56 мактаби варзишӣ, ки ба самтҳои олимпӣ ихтисосонида шудаанд, захираи асосии дастаҳои мунтахаби миллӣ хоҳанд буд. Ҷавононе, ки дар ҷойҳо интихоб мегарданд, вобаста ба антропометрии бадан ва қобилияташон, ҳадафмандона омода карда мешаванд.

    Барои тарбияи пухтаи онҳо дар як сол ду маротиба низоми мусобиқаҳои «Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони Нав» роҳандозӣ мешавад. Ғолибони марҳилаи вилоятӣ дар “Олимпиадаи президентӣ”, ки ҳар сол дар моҳи декабр дар шаҳраки олимпӣ гузаронида мешавад, иштирок мекунанд. Ғолибони мусобиқа бо хона, автомобил барин тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд. Варзишгароне, ки ҷойҳои якум ва дувумро ба даст меоранд, ба маркази олимпӣ ва паралимпии ҷумҳурӣ қабул мегарданд.

    Президент зарурати такмили низоми амудӣ ва татбиқсозии усулу равишҳои пешқадам дар таълими варзиширо таъкид кард. Аз рӯйи афзунсозии самарадории кори мактабҳои варзишӣ, ҳамчун варзишгарони пешқадам тарбия кардани ҷавонони боистеъдод супоришҳо дода шуд.

    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates