ИМА омода аст Куриёи Ҷанубиро бо силоҳи ҳастаӣ дифоъ кунад

    Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба муҳофизати Кореяи Ҷанубӣ комилан тарафдорӣ мекунад ва тайёр аст, ки барои ин аз ҳар восита, аз он ҷумла яроқи ядроӣ истифода баранд.

    Дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои Кореяи ҷанубии ӯ Ким Ёнг Ҳён рӯзи чаҳоршанбеи 31 октябр дар Вашингтон, вазири дифои Амрико Ллойд Остин изҳор дошт.

    Вай таъкид кард, ки ӯҳдадориҳои ИМА дар мавриди боздорандагии васеъ шикастанопазир боқӣ мемонад. Остин тавзеҳ дод, ки онҳо "бо доираи пурраи тавонмандиҳои дифоии Амрико - системаҳои мушакии муқаррарӣ, силоҳи ҳастаӣ ва пешрафтаи ғайриядроӣ пуштибонӣ мекунанд".

    Дар баробари ин, роҳбари Пентагон дар бораи азсаргирии машқҳои густурдаи низомӣ бо Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, ки ба гуфтаи ӯ, омодагии ҷангии ҳарду кишварро ба таври қобили мулоҳиза тақвият хоҳад дод.

    Ллойд Остин ва Ким Ёнг Ҳён даъват карданд, ки сарбозони ҶХДК аз Русия хориҷ шаванд, хабар медиҳад dw.com.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates