Иёлоти Муттаҳида ва Ҳиндустон моҳвораи NASA-ISRO Synthetic Aperture Radar mission (NISAR)-ро ба кайҳон партоб карданд, ки тағйироти қариб ноаёни сатҳи Заминро низ мушоҳида мекунад ва ба андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат менамояд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии амрикоии CNN.
Радар, ки аз ҷониби NASA барои истифода дар кайҳон таҳия шудааст, бо технологияи муосири коркарди иттилоот, имкони мушоҳидаи дақиқи ҷузъиёти рӯи Заминро фароҳам меорад. Дар баробари ин, он мисли як радари муқаррарӣ кор мекунад ва бо истифода аз мавҷҳои микротӯлонӣ метавонад объект ва сатҳҳои дурро муайян намояд.
NISAR субҳи чоршанбе соати 08:10 бо вақти соҳили ҷанубу шарқӣ аз Маркази кайҳонии Сатиш Даван, воқеъ дар соҳили ҷанубу шарқи Ҳинд як моҳвораи Geosynchronous Satellite Launch Vehicle ё GSLV-F16-ро партоб кард.
Радифи сунъӣ дар як шабонарӯз дар атрофи Замин 14 маротиба давр зада, қариб тамоми сатҳи хушкӣ ва минтақаҳои яхбастаро тӯли 12 рӯз ду маротиба скан мекунад, тағйироти сатҳи Заминро бо дақиқии дюйм муайян менамояд.
Пас аз ҷамъоварӣ ва зеркашӣ аз моҳвора, маълумот дастрас аст ва барои пешгӯиву мубориза бо офатҳои табиӣ чун тӯфон, таркиши вулқон, сел ва сӯхторҳои ҷангал истифода хоҳанд шуд.
Ин киштии кайҳонӣ аз ҷониби Идораи миллии ҳавоӣ ва кайҳонии ИМА (NASA) ва Созмони таҳқиқоти кайҳонии Ҳиндустон (ISRO) таҳия шудааст.
Ин миссия бори аввал соли 2014 пешниҳод шуда, ду ниҳод 30 сентябри соли 2014 созишномаи ҳамкорӣ барои миссияи NISAR ба имзо расониданд. Таҷҳизот дар ду қитъаи гуногун ҷамъ оварда шуда, сипас барои анҷоми коркарди моҳвора ба Ҳиндустон фиристода шуд, хабар медиҳад korrespondent.net.









