Маблағҳое, ки аз фурӯши нафт ба даст меоянд, ба суратҳисобҳое ворид хоҳанд шуд, ки таҳти назорати ИМА қарор доранд, хабар додааст Вазорати энергетикаи Иёлоти Муттаҳида.
Тарафи амрикоӣ ният дорад тақрибан 30–40 миллион баррел нафтро ба фурӯш барорад ва амалиёти фурӯш «ба муҳлати номаҳдуд» идома хоҳад ёфт. Дар пресс-релизи Вазорати энергетика таъкид мешавад, ки «маблағҳо ба манфиати мардуми амрикоӣ ва венесуэлаӣ тибқи салоҳдиди ҳукумати ИМА тақсим карда мешаванд».
Ин ниҳод барои фурӯши сӯзишворӣ «таъминкунандагони пешсафи ҷаҳонии ашёи хом ва бонкҳои калидӣ»-ро ҷалб намудааст. Ба гуфтаи вазорат, «интиқоли нафт ба Венесуэла ва аз Венесуэла танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ва иҷозатдодашуда, мутобиқ ба қонунгузории ИМА ва талаботи амнияти миллӣ, анҷом дода мешавад».
Вазорати энергетикаи ИМА ҳамчунин ният дорад шабакаи барқии Венесуэларо навсозӣ намояд, ки ба гуфтаи вазорат, «барои афзоиши истихроҷи нафт, густариши имкониятҳои иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми Венесуэла аҳамияти ҳалкунанда дорад».
Вазири энергетикаи ИМА Крис Райт изҳор дошт, ки пас аз ворид шудани ширкатҳои амрикоӣ ба Венесуэла истеҳсоли нафт дар ҷумҳурӣ метавонад дар як шабонарӯз ба садҳо ҳазор баррел афзоиш ёбад. Ба иттилои Reuters, роҳбарони ширкатҳои нафтии ИМА дар охири ҳамин ҳафта дар Кохи сафед барқарорсозии бахши нафтии Венесуэларо баррасӣ хоҳанд кард, менависад kommersant.ru.