Тибқи иттилои "Associated Press", маъмурияти Ҷозеф Байден талаботро бекор мекунад, ки сайёҳони хориҷӣ дар давоми як рӯз пеш аз парвоз ба Иёлоти Муттаҳида натиҷаи манфӣ барои COVID-19-ро пешниҳод кунанд.

"Ин қадам тавассути пешрафте, ки мо дар мубориза бо COVID-19 ба даст овардаем, имконпазир шуд"- гуфт вазири тандурустии ИМА Ксаве Бесерра.

Дар баробари ин, мақомоти ИМА гуфтанд, ки онҳо мониторинги вазъи пандемияро идома медиҳанд ва зарурати санҷишро дар сурати тағир ёфтани вазъ дубора арзёбӣ мекунанд.