Дар ин бора Департаменти молияи ИМА хабар дод.
«Иҷозатномаи умумӣ таҳти рақамм 134, ки интиқол ва фурӯши нафти хом ва маҳсулоти нафтии дар Русия истеҳсолшуда ва то 12 марти соли 2026 ба киштиҳо боршударо иҷозат медиҳад», гуфта шудааст дар ҳуҷҷат.
Тибқи маълумот, иҷозатнома аз 12 март то 12 апрел амал мекунад, хабар медиҳад report.az.
Котиби Хазинадории ИМА Скотт Бессент таъкид кард, ки ин иҷозат танҳо ба нафтҳое дахл дорад, ки аллакай дар ҳоли интиқоланд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин иҷозатнома густариш додани ҳаҷми мавҷудаи таъминоти сӯзишворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
«Ин як тадбири маҳдуд ва кӯтоҳмуддатест, ки ба ҳукумати Русия фоидаи назарраси молиявӣ намеорад», – навишт Бессент дар шабакаи иҷтимоии X.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, 5 март, ИМА ба Ҳиндустон низ иҷозатномаи сирӯза дода буд, то нафти Русияро, ки аллакай ба танкерҳо бор шудааст, харидорӣ кунад.