Дар изҳороти дар сомонаи Кохи сафед нашршуда гуфта мешавад: «Бисёре аз ин созмонҳо сиёсати радикалии иқлимӣ, идоракунии глобалӣ ва барномаҳои идеологиро пеш мебаранд, ки ба соҳибихтиёрӣ ва қудрати иқтисодии ИМА мухолифанд». Дар нашр рӯйхати дақиқи созмонҳо зикр нашудааст.

Тавре дар иттилоия омадааст, андозсупорандагони амрикоӣ барои маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ «миллиардҳо доллар» харҷ кардаанд, «дар ҳоле ки бозгашти ночизе ба даст овардаанд».

Хадамоти матбуоти Кохи сафед ёдовар шудааст, ки пас аз оғози давраи дуюми президентии Доналд Трамп, ИМА аллакай аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Созишномаи Париж оид ба иқлим, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва Агентии СММ барои кумак ба гурезаҳои фаластинӣ дар Ховари Миёна (UNRWA) хориҷ шудааст, хабар медиҳад kommersant.ru.