Зимни вохӯрӣ С.Сафоев аз сафари меҳмонони хориҷӣ ба Ӯзбекистон изҳори шодӣ намуда, онҳоро бо ислоҳоти дар ҷумҳурӣ гузаронидашуда, фаъолияти парлумон шинос намуд.
Дар рафти суҳбат вазъи татбиқи барномаҳои СММ дар Ӯзбекистон, дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.