Сурхондарё ба «Tandir Fest» омодагӣ мебинад

    Сайёҳӣ 2 May 2025 2244

    Имрӯз, 2 май, дар маҷмааи сайёҳии «Бойсун баҳори»-и ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё бори аввал фестивали «Tandir Fest» баргузор мегардад.

    Ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Сурхондарё ташкил шудааст.

    Дар доираи фестивал, сафари матбуотии махсус низ баргузор мегардад, ки дар он журналистон ва иштирокчиён бо объектҳои нодири сайёҳии минтақа шинос мешаванд.

    «Tandir Fest» ба тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои ғании кулинарӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон равона шудааст. Ба фестивал намояндагон аз 12 вилояти кишвар даъват шудаанд, ки таомҳои миллии худ ва ҳунарҳои дастиро намоиш медиҳанд.

    Фестивал то 4 май идома меёбад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates