Дар мамлакати мо обҳои дарёҳо захираи муҳими хоҷагии қишлоқ, энергетика ва ҳаёти аҳолӣ мебошанд, ки онро муҳофизат кардан ва ба манфиати халқ истифода бурдан лозим аст.
Бо ин мақсад соли 2017 бо фармони Президент ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» таъсис дода шуд. Дар ихтиёри корхона 6 обанбор мебошад, аз ҷумла 4 обанбор соли гузашта ба ихтиёри корхона дода шудааст. Бо ҷалби фирмаҳои хориҷӣ ҳолати техникии ҳар як обанбор омӯхта, барои чорабиниҳои зарурии таъмирӣ тадбирҳо муайян шуданд. Ҳамин тавр, сарбандҳо, иншоотҳои обкашӣ ва обпарто мустаҳкам карда, агрегатҳои насосӣ барқарор карда мешаванд.
Дар рафти тақдимот дар бораи ин кор ва вазифаҳои оянда маълумот дода шуд.
Сарвари давлат дастур дод, ки аз ҳисоби модернизатсия, навсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва асбобҳои ченкунӣ ва рақамикунонии система бехатарии тамоми обанборҳо беҳтар карда шавад.
Дар натиҷаи ин дар маркази вазъиятию таҳлилии ҷамъияти саҳҳомӣ тамоми раванд идора карда шуда, тавлиди солонаи қувваи барқ 120 миллион киловатт-соат зиёд мешавад.
Илова бар ин, дар обанборҳои Ҳисорак ва Оҳангарон 2 неругоҳи хурди обии барқӣ бо иқтидори 22 миллион киловатт-соат дар як сол сохта мешавад.
Ба Агентии тадқиқоти кайҳонӣ ва технологӣ супориш дода шуд, ки вазъияти обанборҳоро назорат кунад, тасвир ва маълумотро аз моҳвора пешниҳод намояд.
Инчунин, барои ҷалби сектори хусусӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии хурд ва омода намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи кадрҳо вазифаҳо муайян карда шуданд.
Яке аз омилҳои сифати зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Аммо дар вилояти Сурхондарё ҳамагӣ 58 дарсади аҳолӣ метавонанд аз оби мутамаркази нӯшокӣ истифода баранд. Дар ноҳияҳои ҷанубии вилоят ва шаҳри Тирмиз дараҷаи минерализатсияи об баланд аст.
Маҳз аз ин рӯ соли гузашта Президент ташаббуси аз обанбори Тӯпаланг кашидани лӯлаи обро ба миён гузошта буд. Татбиқи лоиҳаи дахлдор оғоз ёфт. То имрӯз ба масофаи 47 километр қубур гузаронда, ба маркази ноҳияи Сариосиё оби нӯшокӣ расонда шуд. Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол ба ноҳияҳои Деҳнав ва Шӯрчӣ қубури об оварда шавад.
Лоиҳа сохтмони иншоотро барои тоза кардани 200 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз ва кашидани қариб 400 километр қубурҳои магистралӣ пешбинӣ намудааст. Дар натиҷа таъминоти сокинони вилоят бо оби тозаи нӯшокӣ ба 90 фоиз мерасад.
Сарвари давлат зарурати барқарор кардани шабакаҳои обтаъминкуниро дар дохили ноҳия ва маҳаллаҳо, бунёди шабакаҳои нав ва ташкили хизматрасонии босифатро таъкид намуд.