Оид ба пурзӯр гардондани ҳифзи ҳуқуқии соҳибкорон супоришот дода шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 ноябр бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқии соҳибкорон шинос шуд.

    Дар Ӯзбекистон соҳибкорон ҳамчун пояи иқтисод маҳсуб мешаванд ва фазои соҳибкорӣ рӯз то рӯз мусоидтар мегардад. Ҳам соҳибкорони инфиродӣ дар маҳаллаҳо ва ҳам лоиҳаҳои калон дастгирӣ карда мешавад, ки боиси афзоиши таваҷҷуҳ ва ҷалби соҳибкорӣ мегардад.

    Омили асосии ин равише аст, ки бо он тадбирҳо аз рӯи пешниҳоди худи соҳибкорон, бо назардошти талаботи замон андешида мешаванд.

    20 августи соли равон муколамаи кушоди анъанавии Президент ва соҳибкорон баргузор гардид. Аз рӯи мушкилоту пешниҳодҳои баррасишуда ҷиҳати пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқии соҳибкорон ва ба тартиб даровардани санҷишҳо тадбирҳо таҳия гардиданд.

    Дар назар аст, ки аз 1 январи соли 2025 барои як қонуншиканӣ танҳо як чораи ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шавад. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки ҷарима барои бидуни сабти ном ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бекор карда шавад.

    Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои тамғаи рақамӣ ва намоиши тамғаҳои фискалӣ, инчунин барои пинҳон кардани шумораи кормандон бекор карда шавад.

    Аз 1 марти соли 2025 бо мақсади сабук карадани ҳалли баҳсҳо тартиби қисман баргардонидани боҷи давлатӣ дар сурати бо мувофиқаи тарафҳо ба анҷом расидани парванда дар суд ҷорӣ карда мешавад.

    Рӯйхати мақомоте, ки ба фаъолияти соҳибкорон ваколатдор шудаанд, инчунин самтҳои назорати онҳо тасдиқ карда мешаванд. Санҷишҳое, ки дар ин рӯйхат пешбинӣ нашудаанд, манъ карда мешавад. Ҳамаи санҷишҳои соҳибкорон дар системаи иттилоотии «Назорати ягонаи давлатӣ» бо ҳатман огоҳ намудани Бизнес-омбудсман сабти ном карда мешаванд.

    Аз 1 январи соли 2025 санҷишҳо дар асоси системаи электронии «Таҳлили хатарҳо» бо ба се категория тақсим кардани соҳибкорон гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад системаи иттилоотии “Аудити давлатӣ”-и Палатаи ҳисоб бо системаи “Назорати ягонаи давлатӣ”-и бизнес омбудсман оид ба ҳисоботи ягона муттаҳид карда мешавад.

    Дар тақдимот ҳамчунин масъалаҳои пешгирии санҷишҳои ғайриқонунӣ, баланд бардоштани ихтисоси инспекторони мақомоти назоратӣ баррасӣ шуданд.

    Сарвари давлат оид ба такмили ҳуқуқии ин тадбирҳо ва таъмини татбиқи одилонаи онҳо дар амал дастуру супоришҳо дод.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates