Тоҷикистон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар соҳаи экспертиза меомӯзад

    Сайёраи сабз 7 Avgust 2024 1337

    Ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Бахтиёр Сафарализода, сардори шуъбаи экспертизаи ин кумита барои омӯхтани таҷрибаи Ӯзбекистон оид ба муҳити зист ба Маркази давлатии экпертизаи назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон ташриф овард.

    Дар ҷараёни ташриф ба меҳмонон таҷрибаи ин марказ ҷиҳати истифодаи технологияҳои рақамӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ворид намудани таҷрибаи байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

    Илова бар ин, татбиқи таҷрибаи хориҷӣ ва равишҳои навоварона ба равандҳои экологӣ омӯхта шуд ва таҷрибаи Ӯзбекистон оид ба афзоиши иштироки ҷомеа дар равандҳои экологӣ муаррифӣ гардид. Сафарализода масъалаҳои рушди системаи мониторинги муҳити зист, дастгирии туризми экологӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори онро барои Тоҷикистон хеле ҷолиб арзёбӣ намуд.

    Ҷонибҳо дар бораи табодули минбаъдаи таҷриба ва татбиқи лои-ҳаҳои муштарак дар соҳаи экологӣ ба тавофуқ расиданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates