Тавре маълум аст, дар охири соли 2023 тавассути рейтинги олимпӣ варзишгарони мо Улуғбек Рашитов (-68 кг) ва Светлана Осипова (+67 кг) аллакай соҳиби роҳхат ба Париж-2024 шуданд.
Тибқи низомнома, тими миллии Ӯзбекистон ҳақ дорад, ки дар ин мусобиқа ду варзишгарро (як мард ва як зан) сабти ном кунад.
Тибқи қарори ситоди мураббиён, шарафи кишварро дар ин мусобиқа Ҷасур Ҷайсунов (-80 кг) ва Озода Собирҷонова (-67 кг) ҳимоя карда, барои дарёфти литсензия ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мубориза мебаранд.