Сарвазири Таиланд Анутин Чанвиракун ва Сарвазири Камбоҷа Хун Манет дар ҳузури Президенти ИМА Доналд Трамп ин санадро имзо карданд.
Қаблан, директори генералӣ ва котиби матбуоти Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Таиланд Никхондет Фалангкун эълон кард, ки ҷонибҳо на созишномаи сулҳ, балки изҳороти муштаракеро имзо мекунанд, ки барои гузоштани замина барои ҳалли осоиштаи низоъ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 24 июл байни Таиланд ва Камбоҷа дар наздикии минтақаи баҳсбарангези марзии вилояти Оддар-Мянмар задухӯрдҳои мусаллаҳона рух доданд. 28 июл, пас аз музокирот дар Куала-Лумпур Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим байни кишварҳо оташбас эълон кард. Баъдан, якчанд ҳодисаҳои таркиш бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Таиланд ба қайд гирифта шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Таиланд, дар охири моҳи сентябр нерӯҳои Камбоҷа ба қаламрави Таиланд аз силоҳҳои хурд ва гранатамётҳо тир холӣ карданд, ки ин боиси омодагии низомиёни Таиланд гардид, хабар медиҳад belta.by.









