Тошканд ба Форуми дипломатияи халқии СҲШ омодагӣ мебинад

    Воқеаҳо 7 May 2022 2339

    11-12 май дар Тошканд Форуми дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори “Дипломатияи халқӣ – ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири рушд” баргузор мешавад.

    Чорабинӣ бо ташаббуси раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ баргузор мешавад.

    Дар ин форум беш аз 120 ширкаткунанда, ки аз намояндагони порлумонҳои кишварҳои СҲШ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳамчунин марказҳои илмию таҳлилӣ иборатанд, дар назар аст.

    Интизор меравад, ки раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқи умумичинӣ, раиси Кумитаи чинии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шен Юэйуэ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ба иштирокдорони форум бо паём муроҷиат мекунанд.

    Дар рафти ду ҷаласаи умумӣ – «Нақши дипломатияи халқӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ» ва «Дипломатияи халқӣ – унсури муҳими иртиботи муосири байнидавлатӣ: таҷрибаи кишварҳои узви СҲШ» – иштирокчиён роҳҳои истифодаи самараноки воситаҳои дипломатияи халқиро ба хотири таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои «оилаи СҲШ» баррасӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Бинобар ҷамъбасти форум қабули коммюникеи дипломатияи халқии СҲШ ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates