26 январи соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Рига бахшида ба ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ дар ин масир аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Fly Khiva»-и Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар доираи чорабинӣ маросими истиқболи тантанавии нахустин ҳавопаймои боркаши ширкати «Fly Khiva» дар пойтахти Латвия баргузор шуд.
Дар маросим муовини вазири нақлиёти Латвия Андулис Жидковс, директори Фурудгоҳи байналмилалии Рига Лаила Одиня, муовини директори Хадамоти почта Гиртс Рудзинс ва роҳбари Хадамоти гумрук Раимондс Зукус иштирок намуданд.
Моҳи майи соли 2024 бо кумаки Сафорати Ӯзбекистон бо мақсади афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари ҳайати намояндагони ширкати «Fly Khiva» таҳти роҳбарии директори генералӣ Дилшод Хӯҷаев ба Латвия ташкил шуда буд. Маҳз дар доираи ҳамин сафар корҳои амалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ оғоз гардида буданд.
Ҷониби Латвия таъкид намуд, ки ифтитоҳи хатсайри нав ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика миёни Ӯзбекистон ва Латвия мусоидат намуда, робитаҳои тиҷоративу иқтисодии миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро боз ҳам мустаҳкам мегардонад.
Муовини вазири нақлиёти Латвия А. Жидковс зикр кард, ки парвозҳои мустақими боркашонӣ миёни Тошканд ва Рига мавқеи Ӯзбекистонро ҳамчун маркази муҳими логистикӣ дар Осиёи Марказӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.
Тибқи иттилоъ, ширкати «Fly Khiva» парвозҳои боркашониро дар масири Тошканд – Рига ҳафтае як маротиба анҷом хоҳад дод. Қисми асосии борҳоро маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, фиристодаҳои почтавӣ ва тиҷоратӣ, инчунин фармоишҳо, ки тавассути платформаҳои байналмилалии тиҷорати электронӣ, аз қабили «TEMU» ва «AliExpress» дархост шудаанд, ташкил медиҳанд.