Дар Тошканд симпозиуми илмӣ бахшида ба эҷодиёт ва мероси Махтумқулӣ Фироқӣ барпо гардид.

    Фарҳанг 15 Oktabr 2024 1085

    Имрӯз, 15 октябр дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ (ДБОМ) дар Тошканд симпозиуми илмии «Мероси адабӣ ва сиёсӣ-фалсафии Махтумқулӣ Фироқӣ» баргузор мешавад. Чорабинӣ ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги туркман бахшида шудааст.

    Дар симпозиум ҷамъбасти форуми байналхалқии «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо — асоси сулҳу тараққиёт», ки 11 октябр дар Ашқобод дар доираи ҷашни солгарди Махтумқулӣ барпо гардид, муҳокима карда мешавад. Дар он Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва раҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор кишварҳои ҳамсоя ширкат карданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Иштирокчиёни форум мероси адабии шоир, инчунин дидгоҳҳои фалсафию сиёсии Махтумқулӣ, таъсири онҳо ба равандҳои иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатҳоро баррасӣ мекунанд.

    Дар чорабинӣ, ки ДБОМ дар якҷоягӣ бо сафорати Туркманистон дар Ӯзбекистон ташкил мекунад, сафирони як қатор кишварҳои дар Тошканд аккредитатсияшуда, мансабдорон, намояндагони доираҳои таҳлиливу коршиносӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ иштирок мекунанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates