Дар чорабинӣ бо иштироки федератсияҳои миллии 35 кишвари узви ин созмон масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои осиёии Ханчжоу-2022 ва Бозиҳои олимпии Париж-2024, безарар фиристодани аспҳо ба ин мусобиқаҳо, инчунин муайян кардани макони баргузории Ассамблеяи генералии навбатии AEF, ки дар соли 2024 баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар Ассамблеяи генералии қарибулвуқӯъи AEF барои мансабҳои президенти ин созмон ва муовини ӯ интихобот баргузор мешавад.

Уммон, Кувайт ва Ӯзбекистон даъвои макони баргузории Ассамблеяи генералии навбатии шуданд. Ҳангоми қабули қарори ниҳоӣ ба рушди варзиши аспдавонӣ дар кишвари мо, дастовардҳои аспсаворони ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба наздикӣ дар шаҳри Тошканд дар сатҳи баланд баргузории чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки пойтахти мо барои ташкил намудани Анҷумани навбатии умумихалқӣ ҷои сазовор дониста шуд.

Вохӯрӣ, ки дар арафаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор мешавад, барои ба сатҳи нав боло бурдани рушди варзиши аспдавонӣ дар кишвари мо хидмат хоҳад кард.