Натиҷаҳо ва нақшаҳо дар соҳаи роҳҳои оҳан баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 6 Avgust 2024 748

    Президент Шавкат Мирзиёев 6 август бо тақдимот дар бораи корҳои иҷромешуда ва нақшаҳои оянда дар соҳаи роҳи оҳан шинос шуд.

    10 октябри соли гузашта қарори Президент дар бораи трансформатсияи ҷамъияти саҳҳомии “Ўзбекистон темир йўллари” қабул шуд. Барои мусоидат ба ин раванд ширкати консалтингии байналмилалӣ ҷалб карда шуд.

    Дар таркиби ҷамъият 6 корхонаи мустақил ба фаъолият шурӯъ кард, ки бо инфрасохтор, хидматрасонии вагонҳо, нақлиёти мусофирбар ва дигар соҳаҳо машғуланд. Вазифаҳои бесамар ва такроршаванда якҷоя карда, вазифаҳои зиёдатӣ кам карда шуданд.

    Саройи составҳои ҳаракаткунанда бо 1040 вагони боркаш ва 45 вагони мусофиркашонӣ пурра гардид. Мӯҳлати кашондани бор дар маршрутҳои дохилӣ 2 баробар коҳиш дода шуд. Ба туфайли дар стансияи “Келес” бунёд карда шудани ду хатти иловагии электриконидашуда имконияти аз атрофи Тошканд гузаштани поездҳо 30 фоиз афзуд.

    Дар натиҷаи ин ислоҳот ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари”, ки солҳои тӯлонӣ бо зиён кор мекард, даромад ба даст овард.

    Дар тақдимот инчунин вазифаҳои дарпешистода ва масъалаҳои мубрам, ки ҳалли худро тақозо мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Вақтҳои охир шикояти истеъмолкунандагон аз ҳолати вагонҳои мусофиркашонӣ ва мушкилоти низоми хунуккунӣ зиёд мешавад. 143 вагон таъмирталаб буда, 59 локомотив мӯҳлати хидмати худро ба охир расондааст.

    Аз ин рӯ, барои истеҳсоли мошинҳои нав аз Фонди рушди саноат 50 миллион доллар ҷудо мешавад. Бо шарикони чинӣ дар мавриди интиқоли 38 локомотив ва таҷдиди 12 электровоз ба маблағи 181 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд.

    Масъулин дар бораи нақшаҳои аз ҳисоби ин маблағҳо нав кардани саройи қатораҳо маълумот доданд.

    Соли гузашта дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Қароқалпоқистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки қатораи баландсуръат аз Тошканд ба Нуқус роҳандозӣ мешавад.

    Бо ин мақсад аз ширкати Кореяи ҷанубӣ Hyundai Rotem харидории 6 қатораи замонавии электрикӣ дар назар аст. Ҳоло кори электриконидани роҳи оҳани “Бухоро — Урганҷ — Хива”-и дарозиаш 465 километр давом дорад, ки он то охири сол ба анҷом расонда мешавад. Дар солҳои наздик хатти 196 километраи “Мискин — Нуқус” электриконида мешавад. Дар натиҷа вақти сафар аз 16 ба 7 соат кам мешавад.

    Зимни муаррифӣ ҳамчунин доир ба масъалаҳои хусусигардонии иншоотҳои ғайриасосии ҷамъияти саҳомӣ, баланд бардоштани сифат ва афзоиши содироти хизматрасонӣ дар соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates