Президенти Тоҷикистон Президенти Ӯзбекистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфт

    Дар рафти мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 июл доир гардид, масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

    Пешвои Тоҷикистон сарвари давлатамонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии мустаҳкам ва бахту саодати оилавӣ ва ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

    Ба масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқоти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18-19 апрели соли ҷорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates