Рушди иктисодии мамлакати мо дар симои пойтахтамон равшан намоён аст. Дар атрофи тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бункорӣ босуръат идома меёбанд. Солҳои охир сохтмони Тошканди Нав низ оғоз ёфта, он ба мегаполиси мукаммал табдил меёбад.
Бо мақсади таъмини рушди мутаносиби минтақа нақшаи генералии шаҳри Тошканд барои давраи то соли 2045 қабул карда шуд. Дар он нишондиҳандаҳои асосии нақшаҳои сохтмони шаҳр, инфрасохтори муҳандисию нақлиёти роҳ, ҳудудҳои муҳофизатшаванда муайян карда шудаанд.
«Атласи ҳалли масъалаҳо» идомаи мантиқии ин нақшаи генералӣ мебошад, ки дар он талаботи умумӣ оид ба намуди зоҳирии шаҳр, муҳити кӯчаҳо зикр шудааст. Ин каталог-маълумотнома аз панҷ китоб иборат аст, ки қоидаҳои тарҳрезӣ, насб ва истифодаи дастгоҳҳоро дар бар мегиранд. Дар ҳар як қисм барои ташкил ва ободонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба намуди якхелаи меъморӣ овардани беруни биноҳо тавсияҳо дода шудаанд.
Масалан, аз рӯи стандарти кунунӣ сохтмону таъмири роҳҳо то «хати сурх»-и қисми мошингузар анҷом дода мешавад. Дар таҷрибаи шаҳрҳои рушдкарда ин кор дар асоси тамоюли аз бино то ба бино анҷом дода мешавад. Дар ин сурат дар байн ҷойи бенигоҳубин намонда, канори роҳ ба таври умумӣ ва мутаносиб обод карда мешавад.
Атлас барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва ҷилои миллӣ дар тарҳрезии муҳити шаҳр хидмат мекунад. Барои бунёди масканҳои муштарак ва аз лиҳози экологӣ тоза кӯмак расонда, сифати ҳаёти мардумро беҳтар менамояд. Барои пешгирии хатогиҳо дар лоиҳаҳои нав оид ба рушди ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ имкон медиҳад.
Дар тақдимот мазмуну моҳияти ин талабот ва вазифаҳое, ки аз онҳо бармеоянд, баррасӣ шуданд. Барои боз ҳам беҳтар намудани симои шаҳр, ободонии канораҳои роҳ, баланд бардоштани маданияти зист бо нигоҳ доштани асолати шаҳр дастуру супоришҳо дода шуданд.









