Дар Тошканд роҳу купрукҳои нав сохта шуд

    Ҳукумат 3 May 2022 4823

    Дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон дар шаҳри Тошканд роҳи нав ва купрук ба истифода дода шуд.

    Президент Шавкат Мирзиёев 3 май бо ин объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ шинос шуд.

    Сохтмон моҳи августи соли 2020 оғоз ёфта буд. Дар чаҳорчӯби лоиҳа шоҳроҳи шашқатора бо дарозии 6,5 километр ва гузаргоҳ бо 6 баромад бунёд карда шуд. Дар натиҷа кӯчаи Қипчоқи ноҳияи Сергелӣ бо кӯчаҳои Чӯпонота ва Усмон Носири ноҳияи Яккасарой самарабахш пайваста шуд.

    Қаблан ронандагон, ки аз ноҳияи Сергелӣ ба маркази шаҳр ҳаракат мекарданд, асосан аз як роҳ – кӯчаи Янги Сергели истифода мекарданд. Ин роҳ, ки барои тай кардани 4 ҳазор мошин дар як соат пешбинӣ шудааст, воқеан аз иқтидори худ чанд маротиба бештар истифода мешуд, дар он субҳу шом роҳбандиҳои тӯлонӣ ба вуҷуд меомад.

    Дар роҳи нав дар як соат то 12 ҳазор мошин ҳаракат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки мушкили роҳбандӣ аз байн рафта, барои сокинони пойтахт роҳати бештар фароҳам оварда шавад.

    Купрукҳо, даромадгоҳу баромадгоҳҳо оқилона тарҳрезӣ ва ба роҳҳои мавҷуда бидуни чароғҳои светофор пайваст карда шудаанд. Дар натиҷа, воситаҳои нақлиёт метавонанд бидуни таваққуф ба селаи автомобилҳо ҳамроҳ шаванд.

    Тавре маълум аст, дар мамлакати мо лоиҳаи умумимиллии «Макои сабзн» амалӣ мешавад. Он на танҳо ба шинондани дарахтон, балки ба муҳофизати муҳити зист низ нигаронида шудааст. Дар натиҳаи кушода шудани роҳи нав партовҳои зарарнок 3 баробар кам мешавад.

    Дар қад-қади роҳ чарогҳои каммасраф ва такягоҳ барои токзорҳо гузошта шудаанд. Дар қитъаҳои холӣ майдончаҳои сабз ба вуҷуд оварда, роҳравҳо ва роҳҳо барои велосипедронҳо сохта шудаанд.

    Дар ин ҷо ҳамчунин муаррифии пешниҳодҳо оид ба бунёди роҳҳо дар Тошканд ва беҳбуди системаи нақлиёти шаҳр баргузор шуд. Дар идомаи роҳ, ки имрӯз кушода шуд, лоиҳаи сохтмони роҳи шашкилометра то роҳи ҳалқагини гардиши ноҳияи Сергелӣ тасдиқ карда шуд.

    Сарвари давлат зарурати пурзӯр гардондани эътиборро ба баланд бардоштани қобилияти гузарониши роҳҳо зикр кард.

    — На дар ҳама ҷо роҳ сохтан ё васеъ кардан мумкин аст. Бисёр чиз ба ташкили дурусти ҳаракат вобаста аст. Бояд ба аҳолӣ ба воситаи рақамигардонӣ, баланд бардоштани қобилияти гузарониши роҳҳо, чорроҳаҳо шароит фароҳам овард, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент бо намояндагони насли калонсол ва арбобони ҷамъиятӣ суҳбат кард.

    — Аз рӯи арзишҳои миллии мо бунёди роҳу купрукҳо кори хайр аст. Хурсандиовар аст, ки ин роҳ, ки одамонро ба ҳам наздик мекунад, дар ин рӯзҳои ид кушода мешавад. Пештар вақте ки мегуфтанд, ки дар Сергели 10 хона сохтан мумкин аст, касе бовар намекард. Дар давоми панҷ соли охир дар ноҳияҳои Сергелӣ ва Янгиҳаёт қариб 800 манзилҳои бисёрутоқа сохта, қариб 100 ҳазор нафар одамон хона гирифтанд. Дар ин ҷо ҳоло роҳҳо обод мешаванд. Ҳоло мо дар бораи лоиҳаҳои минбаъда бо мутахассисон машварат кардем. Мо онҳоро бо меҳнати худ, дар сулҳу осоиштагӣ амалӣ мегардонем, — гуфт Сарвари давлат.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates