Пеш дар ин ҷо ягон марказ набуд. Баъди дар қад-қади кӯчаи Келес йули қомат афрохтани биною маҷмааҳои нав симои ин ноҳия ба куллӣ тағйир ёфт. Аз ҷумла, кӯчаи асосӣ аз нав сохта ва васеъ карда шуд. Маркази хизмати давлатӣ, маркази ҷавонон, Қасри маданият, амфитеатр, комплекси универсалии спортӣ, майдони ёдгорӣ, боғи истироҳат сохта шуд.
Дар ҷои хонаҳои куҳнаи якошёна 41 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ қомат рост кард. Ҳоло дар 2 536 квартира зиёда аз 11 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Дар таҳхонаҳо ва ошёнаҳои якуми хонаҳо 270 нуқтаи савдо, хӯроки умумӣ, хидмати маишӣ ва молиявӣ бунёд карда мешавад. Дар онҳо 1350 нафар, аз ҷумла ҷавонону занони маҳаллӣ бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Сарвари давлат бо корҳои бунёдкорона шинос шуд.
Дар лоиҳаи реноватсия ба инфрасохтори иҷтимоӣ диққати калон дода шуд. Беморхонаи марказӣ, маркази перинаталии байниноҳиявӣ, боғчаи бачагон, маркази хизмати иҷтимоии «Инсон», музейи таърихи ноҳия ба истифода дода шуданд.
Дигаргуниҳо на танҳо дар маркази ноҳия ба амал меоянд. Дар ин ҷо то вактҳои охир масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ мушкил буд. Бо маблағҳои Бонки осиёии рушд 4 обанбор сохта, ба масофаи 365 километр қубур кашида шуд. Дар натиҷа аҳолии 36 маҳалла бо оби тозаи нушокӣ таъмин гардид. Дар се соли охир дар вилоят 218 километр роҳҳои дохилӣ таъмир ва асфалтпӯш карда шуданд. Кор оид ба беҳтар намудани инфрасохтор давом дорад.
Дар ин ҷо ҳамчунин ҳисоботи масъулин оид ба рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва аз камбизоатӣ баровардани аҳолӣ дар ноҳияи Тошканд шунида шуд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ иқтисоди ноҳия 23 дарсад рушд кардааст. Ба шарофати сохтмони нав ва ба кор андохтани корхонаҳо базаи андозситонӣ афзуд.
Дар вилояти Тошканд 70 маҳалла мавҷуд аст, ки дар онҳо 62 ҳазор оила зиндагӣ мекунад. Барои расонидани кумак ба 372 оилаи дар ҳолати вазнин қарордошта шахсони масъул ва тадбирҳо муайян карда шуданд.
Дар доираи лоиҳаҳои пешбинишуда, барномаҳои шуғл ва соҳибкорӣ то охири сол таъсиси беш аз 34 ҳазор ҷойи корӣ дар назар аст.
Сарвари давлат ҷиҳати ба кор андохтани имкониятҳо дар хонаводаҳо ва ҳавасманд намудани соҳибкорон барои бо кор таъмин намудани намояндагони оилаҳои камбизоат дастурҳо дод.
— Ноҳияи Тошканд дар шафати пойтахти мо воқеъ аст. Дар ин ҷо дар соҳаи сохтмони манзил, истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ имкониятҳои калон мавҷуданд. Агар кор дуруст ташкил карда шавад, дар ин соҳа камбағалӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ, аз имкониятҳое, ки ба маҷмааи иқтисодӣ, маҳаллаҳо дода шудаанд, истифода бурда, аз камбизоатӣ ба фаровонӣ гузаштан лозим аст», — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Интизор меравад, ки то охири сол дар ноҳияи Тошканд суръати афзоиши саноат 9 дарсад ва бахши хидматрасонӣ 13 дарсадро аз ҳисоби азхуд кардани сармоя ба маблағи қариб 53 миллион доллар ташкил диҳад. Ҳадаф аз он иборат аст, ки ҳаҷми содирот ба 100 миллион доллар расонида шавад.