Имкониятҳои иловагии вилояти Тошканд нишон дода шуданд

    Ҳукумат 1 Dekabr 2022 6415

    Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба рушди кишоварзӣ дар вилояти Тошканд шинос шуд.

    Вилоят замини ҳосилхез ва захираҳои фаровони об дорад. Бо истифодаи пурсамари онҳо боғу токзорҳои серҳосил ба вуҷуд оварда, сабзавоткории интенсивӣ ба роҳ монда, одамонро бо кор таъмин кардан мумкин аст.

    Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 10 сентябри соли ҷорӣ “Дар бораи чораҳои идловагии зиёд гардондани даромади аҳолӣ ба воситаи дастгирии ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ” дар ин самт як қатор вазифаҳо муайян шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2023 дар вилояти Тошканд 9 ҳазор гектар заминҳои пахта ва ғалла кам карда шуда, ба аҳолӣ 25 гектар қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки бештар аз 60 ҳазор кас бо кор таъмин карда шавад.

    Бо супориши Сарвари давлат бо иштироки мутахассисон имкониятҳои истифоданашудаи вилояти Тошканд мавриди омӯзиш қарор гирифта, тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шуданд.

    Дар бораи натиҷаҳо дар тақдимот маълумот дода шуд. Ҳамин тавр, имконияти ба муомилот даровардани 62 ҳазор гектар замин дар вилоят ҳисоб карда шуд. Онҳо пеш аз ҳама барои коштани растаниҳои чарогоҳӣ, парвариши зироатҳои равғандор, лубиёгӣ ва хӯроки чорво, ки обро кам талаб мекунанд, инчунин барои парвариши чорво истифода мешаванд.

    Инчунин пешниҳод карда шуд, ки ҳар як ноҳияи вилояти Тошканд ба самти муайян, ба мисли меваю сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, токдорӣ ва ғайра махсус гардонда шавад. Масалан, имкониятҳои парвариши интенсивии сабзавот дар қариб 5 ҳазор гектари ноҳияҳои Оҳангарон, Тошканд, Зангиота, Паркент, Янгийўл, Қибрай, бунёд намудани боғ дар 1,3 ҳазор гектар дар ноҳияҳои Бўстонлиқ, Янгийўл, Оҳангарон, Паркент, Бука, Бекобод, Чиноз, Оққӯрғон, барпо намудани токзор дар беш аз 2 ҳазор гектари ноҳияҳои Паркент, Қибрай ва Пскент нишон дода шуд. Дар ноҳияҳои Чирчиқи миёна, Тошканд ва Бӯстонлиқ бунёд намудани лабораторияи in vitro барои рӯёндани картошкаи тухмӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Умуман дар маҷмӯи агросаноатӣ 202 лоиҳа ташкил карда шудааст. Дар натиҷаи татбиқи онҳо, таъсиси беш аз 24 ҳазор ҷойи корӣ дар назар аст.

    Президент ин тадбирҳоро маъқул дониста, барои иҷрои онҳо супориш дод.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates