Ӯ ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ дар амлоки худ Мар-а-Лагои иёлати Флорида дар ҳузури роҳбари Пентагон Пит Ҳегсет, котиби давлатӣ Марко Рубио ва вазири Нерӯҳои баҳрии ИМА Ҷон Фелан, рӯзи душанбе, 22 декабр таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ин киштиҳо бо ҷойивазкунии аз 30 то 40 ҳазор тонна бо силоҳҳои пешрафта, аз ҷумла мушакҳои гиперсадоӣ, тӯпҳои электромагнитии релсӣ ва низомҳои пуриқтидори лазерӣ, ҳамчунин мушакҳои болдори баҳрии ҳозир дар ҳоли таҳия бо кулоҳаки ҳастаӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи раҳбари давлати Амрико, киштиҳои нав «сад маротиба пурқудраттар аз ҳар гуна киштиҳои ҷангии то имрӯз сохташуда» буда, ба «киштиҳои парчамбардори флоти ҳарбии Амрико» табдил меёбанд.

Ба иттилои агентии AFP, киштиҳои ҷангии синфи «Трамп» аз эсминетсҳо ва крейсерҳое, ки ҳоло дар хизмати Нерӯҳои баҳрии ИМА қарор доранд, ба маротиб бузургтар хоҳанд буд, аммо аз линкорҳои синфи «Айова», ки то солҳои 1990 дар хизмати флот буданд, хурдтаранд.

Доналд Трамп гуфт, барои сохтани ду киштии аввали ин синфи нав тақрибан 2,5 сол вақт лозим мешавад. Дар оянда шумораи онҳо дар Нерӯҳои баҳрии ИМА нахуст то 10 ва баъдан то 20–25 адад расонда хоҳад шуд, хабар медиҳад dw.com.