«Имрӯз намояндагони ман бо исроилиён оид ба Ғаза мулоқоти тӯлонӣ ва самарабахш баргузор карданд. Исроил ба шартҳои зарурӣ барои бастани оташбаси 60-рӯза розӣ шуд, ки дар ин муддат мо бо тамоми ҷонибҳо кор хоҳем кард, то ба ҷанг хотима диҳем», — навиштааст ӯ.
Трамп илова кардааст, ки Қатар ва Миср пешниҳодро оид ба оташбас ба ҳаракати радикалии Фаластин — ҲАМАС пешниҳод мекунанд ва ҳушдор додааст, ки дар сурати рад кардани он, вазъи гурӯҳ «ҳатто бадтар хоҳад шуд», менависад lenta.ru.









