Роҳбари Кохи Сафед дар нишасти матбуотӣ зимни арзёбии музокирот бо роҳбарони Аврупо гуфт, ки ҷонибҳо ба созишномаи сулҳ ба таври назаррас наздик шудаанд.
Зеленский дар навбати худ, қайд кард, ки беш аз 90 фоизи кафолатҳои амниятии Украина ба мувофиқа расидаанд ва тафсилоти муфассалтар ба даст омадаанд. Вай афзуд, ки мулоқоти байни Иёлоти Муттаҳида, Украина ва кишварҳои Аврупо моҳи январ дар Вашингтон баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад report.az.
"Тарҳ, ки аз 20 банд иборат аст, 90 фоиз мувофиқа шудааст, кафолати амниятии ИМА 100 фоиз, кафолати ИМА ва Аврупо 90 фоиз, масъалаи низомӣ 100 фоиз ва нақшаи барқарорсозии иқтисоди Украина дар ҳоли анҷомёбӣ аст", - гуфт Зеленский.