баннер
21 Mar 2025
06:13

    Трамп эълон кард, ки бо Путин дар Саудии Араб мулоқот мекунад

    Пас аз мулоқоти телефонӣ бо Президенти Русия Доналд Трамп ба хабарнигорон дар Кохи сафед гуфт, ки мулоқоти ӯ бо Путин дар бораи Украина дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

    Арабистони Саудӣ кишваре хоҳад гардид, ки Президенти ИМА Доналд Трамп ва Президенти Русия Владимир Путин барои баррасии имкониятҳои хотима додан ба ҷанги Русия дар Украина мулоқот хоҳанд кард. Ин аз изҳороти Трамп ҳангоми суханронӣ дар назди хабарнигорон дар Кохи сафед рӯзи чаҳоршанбе, 12 феврал, баъди чанд соат пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Русия бармеояд.

    «Мо дар Арабистони Саудӣ мулоқот хоҳем кард», - гуфтаи Трампро иқтибос овардааст агентии AFP. Ҳанӯз дар рафти маъракаи интихоботии худ Доналд Трамп бисёр таъкид мекард, ки хоҳони ба охир расонидани ҷанг дар Украина мебошад.

    Трамп ба хабарнигорон муроҷиат карда гуфтааст, ки ӯ ба НАТО пайвастани Украинаро мувофиқи мақсад намедонад ва аз ҷониби Киев баргардонидани тамоми қаламравҳоеро, ки Русия ишғол кардааст, ба назар ӯ «аз эҳтимол дур» мебошад, менигорад dw.com.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech