баннер
24 Apr 2025
17:59

    Трамп дар зодрӯзи худ гузаронидани паради бузурги низомиро ба нақша гирифтааст

    Бино ба маълумоти расонаҳо, Трамп ният дорад 14-уми июн, дар солгарди 250-уми артиши Амрико, ки ба зодрӯзи ӯ рост меояд, як паради бузурги низомӣ баргузор кунад.

    Президенти ИМА Доналд Трамп ният дорад ба ифтихори 250-умин солгарди таъсиси артиши Амрико, ки рӯзи 14-уми июн таҷлил мешавад, дар Вашингтон, пойтахти ин кишвар як паради бузурги низомӣ баргузор кунад.

    Дар ин бора рӯзи душанбе, 7 апрел як қатор нашрияҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки роҳбари Кохи сафед дар он рӯз 79-сола мешуд.

    Тибқи иттилои нашри Washington City Paper, ки дар бораи нақшаҳои парад бори аввал хабар додааст, масири он 4 мил (қариб 6,5 километр) - масофа аз қароргоҳи вазорати дифоъи ИМА дар Арлингтони Вашингтон то Кохи сафед хоҳад буд.

    Мақомоти маҳаллӣ ва низомиён ба The Hill ва NewsNation дар бораи нақшаҳо гуфтанд, аммо таъкид карданд, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст ва ҳеҷ дархост ё фармони расмӣ вуҷуд надорад. The Washington City Paper қайд мекунад, ки мақомоти маҳаллӣ танҳо аз нақшаҳои парад хабардор карда шудаанд, менависад dw.com.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech