Дар ин бора ҳафтаномаи “The Mail on Sunday”-и Британияи Кабир бо такя ба манбаъҳо хабар додааст.
Трамп таъкид кардааст, ки Гренландияро ба хотири “мавқеи стратегӣ ва захираҳои маъданӣ” ба ИМА ҳамроҳ хоҳад кард. Ӯ қаблан борҳо зарурати ба Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ шудани Гренландияро таъкид карда буд.
Дар давраи президентии аввалаш Трамп пешниҳод карда буд, ки Гренландия харида шавад ва моҳи марти соли 2025 изҳор дошт, ки мумкин аст он аннексия гардад. Сарвазири Дания Метте Фредериксен ин даъвоҳоро рад карда, таъкид намудааст, ки ҷазира ҷузъи подшоҳии Дания мебошад.
Гренландия қаламрави худмухтори Дания аст. Соли 1951 Вашингтон ва Копенгаген созишномаи дифоии Гренландияро имзо карда буданд. Тибқи он ИМА барои ҳимояи ҷазира аз таҷовузи эҳтимолӣ ӯҳдадор шудааст, хабар медиҳад tass.ru.