Трамп супориш дод, ки муноқиша дар Украина дар тӯли 100 рӯз ба танзим оварда шавад

    WSJ: Трамп ба Келлог дастур додааст, ки муноқишаи Украинаро дар 100 рӯз ҳал кунад.

    Президенти ИМА Доналд Трамп ба намояндаи махсуси худ оид ба Украина Кейт Келлог дастур додааст, ки муноқишаи Украинаро дар 100 рӯз ҳал намояд. Дар ин бора lenta.ru бо истинод ба The Wall Street Journal хабар медиҳад.

    "Трамп ба Келлог дастур додааст, ки муноқишаи Украинаро дар 100 рӯз ҳал кунад. Қариб ҳеҷ кас фикр намекунад, ки ӯ ин корро анҷом дода метавонад. Баръакс, мегӯянд, ки таъини ӯ ҳамчун намояндаи махсус қадами аввал барои оғози музокироти сулҳомез аст, ки Трамп худаш мехоҳад назорат кунад", — хабар медиҳад нашрия.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates