"Мо аз ин кишварҳое, ки ба назар душманона менамоянд, талаб мекунем, ки ӯҳдадор шаванд, ки асъори нави БРИКС эҷод накунанд ва ягон асъори дигарро барои иваз кардани доллари пуриқтидори амрикоӣ дастгирӣ накунанд. Дар акси ҳол, онҳо бо ҷорӣ шудани боҷи 100-фоиза рӯбарӯ хоҳанд шуд ва метавонанд аз фурӯши молҳои худ дар бозори аҷиби Амрико худоҳофизӣ кунанд", — омадааст дар изҳороти ӯ.
Сарвари ИМА таъкид кард, ки Иёлати Муттаҳида иваз шудани долларро дар тиҷорати байналмилалӣ иҷозат намедиҳад. Ҳамчунин ӯ ба кишварҳое, ки чунин кӯшиш мекунанд, бо чораҳои сахти тиҷоратӣ таҳдид кардааст, хабар медиҳад ria.ru.