Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар ҳошияи Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд, хабар медиҳад dw.com.
Президенти ИМА гуфт, ки ӯ ҷонибдори он аст, ки кишварҳои НАТО дар сурати вайрон кардани фазои ҳавоӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои Русия, онҳоро сарнагун кунанд. Ӯ ба саволи рӯзноманигор: «Бале, ман розӣ ҳастам», — ҷавоб дод. Бо вуҷуди ин, Трамп аз посухи мустақим ба саволи дигар, ки оё ИМА дар чунин ҳолатҳо омода аст ба муттаҳидон кӯмак расонад, худдорӣ кард. Ӯ гуфт: «Ин аз вазъият вобаста аст».
Дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Украина Владимир Зеленский, раҳбари Кохи сафед изҳор намуд, ки ҷанги пуршиддати байни Русия ва Украина ба зудӣ ба поён намерасад. «Пешрафти калонтарин (барои анҷоми ҷанг) дар он аст, ки иқтисодиёти Русия ҳоло дар ҳолати даҳшатнок қарор дорад. Тавре медонед, он фурӯ мепошад. Ва, ростӣ, Украина хеле хуб тавонистааст, ки ин артиши бузургро боздорад», — гуфт Трамп.
Зеленский аз озодсозии 360 километри мураббаъ қаламрави Украина дар як моҳи охир хабар дод ва таъкид кард, ки артиши Украина ҳазор нафар низомиёни русро ба муҳосира гирифтааст, ки Киев ният дорад онҳоро бо асирони украинӣ иваз кунад. Ӯ инчунин гуфт, ки Украина умедвор аст фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия боз ҳам шадидтар шаванд. «Мо ғояи Шуморо, ҷаноби президент, дар бораи қатъи хариди нафт ва гази Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ пурра дастгирӣ мекунем», — илова кард Зеленский.









