Пас аз боздошти Президенти Венесуэла Николас Мадуро, рӯзи душанбе Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки интихобот дар Венесуэла ҳангоми фаро расидани шароити мувофиқ баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад ria.ru.

«Интихобот дар вақти лозимӣ баргузор мешавад. Чизи асосие, ки бояд анҷом дода шавад, ба тартиб даровардани вазъият аст. Мамлакат дар ҳолати вазнин қарор дорад. Пул нест», — гуфт Трамп дар посух ба суоле дар бораи он ки ҳоло Венесуэларо кӣ идора мекунад.