Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки маҷмӯи даромадҳо ба буҷети Амрико аз боҷҳои тиҷоратии ҷоринамудаи ӯ тақрибан 650 миллиард долларро ташкил додааст.
«Мо ба шарофати тарифҳо сарватманд шудем. Дар омади гап, умедворам, ки ҳама инро мефаҳманд. Онҳо (матбуоти амрикоӣ) дӯст намедоранд хабар диҳанд, ки ба кишвари мо зиёда аз 650 миллиард доллар ҷалб шудааст, ки ба зудӣ ба буҷет ворид мегардад», — гуфт ӯ ҳангоми суханронӣ дар назди конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ дар Вашингтон.
Изҳороти Трамп дар пасманзари қарори интизории Суди олии ИМА дар бораи қонуниятии ҷорӣ намудани боҷҳои воридотӣ аз ҷониби роҳбари давлат садо дод. Дар ин замина сиёсатмадор нақши онҳоро дар рушди иқтисодии кишвар фаъолона таъкид мекунад, хабар медиҳад ria.ru.