Дар ин бора рӯзномаи “The Washington Post” бо истинод ба иштирокдорони ин чорабинӣ хабар дод.

Ин зиёфат барои намояндагони воситаҳои ахбори омма пӯшида буда, тақрибан барои 200 нафар иштирокдор, ки ба ҳар яки онҳо барои бо худ овардани ду меҳмон иҷозат дода шудааст, ҳамасола ташкил мегардад. Ҳамаи онҳо дар шанбеи охирини моҳи январ дар меҳмонхонаи “Capital Hilton” ҷамъ меоянд.

Бино ба маълумоти нашр, роҳбари Амрико ин изҳоротро «ба шӯхӣ» баён кардааст, хабар медиҳад report.az.

«Мо ба Гренландия ҳуҷум намекунем. Мо онро мехарем», гуфтааст ӯ. «Ман ҳеҷ гоҳ нияти ба иёлати 51-ум табдил додани Гренландияро надоштам. Мехоҳам Канадаро иёлати 51-ум кунам. Гренландия иёлати 52-юм хоҳад шуд ва Венесуэла метавонад иёлати 53-юм гардад».