Субҳи рӯзи душанбеи 15 сентябр, Нерӯҳои Мусаллаҳи ИМА ба гурӯҳи "террористони маводи мухаддир"-и венесуэлагӣ, ба ИМА ки маводи мухаддир интиқол медоданд, зарба заданд. Дар ин бора Доналд Трамп ҳамон шаб ба воситаи шабакаи иҷтимоии Truth Social изҳорот дод.
Ба гуфтаи ӯ, низомиёни ИМА дар минтақаи фармондеҳии ҷанубӣ "картелҳо ва террористони маводи мухаддири махсус муайяншуда ва шадидан хатарнок"-ро ба нишон гирифтаанд. "Ин картелҳои бениҳоят хатарнок ба амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва манфиатҳои ҳаётан муҳими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳдид мекунанд," — таъкид кард роҳбари Кохи Сафед. Ба гуфтаи Доналд Трамп, дар натиҷаи амалиёт 3 нафар террорист нобуд карда шуданд. Аммо, Нерӯҳои Мусаллаҳи ИМА ягон зарар надидааст, — хабар медиҳад dw.com.