"ИМА ба Шӯрои Амнияти СММ хабар дод, ки Трамп бояд то 8 август барои қатъ кардани ҷанги Русия дар Украина созиш ҳосил кунад", – омадааст дар гузориши нашр.
14 июл Трамп ҳушдор дода буд, ки агар ба ҳаллу фасли низоъ дар Украина муваффақ нашавад, нисбат ба Русия ва шарикони тиҷории он боҷҳои дуюми 100-фоизаро ҷорӣ мекунад. Дар аввал президенти Амрико ба Русия барои боздоштани оташбас 50 рӯз муҳлат дода буд, вале 28 июл ин муҳлатро то 10–12 рӯз кӯтоҳ кард. Муҳлат рӯзи 8 август ба охир мерасад, хабар медиҳад gazeta.ru.