Трамп бо Зеленский ва роҳбарони Иттиҳоди Аврупо мулоқотро анҷом дод

    Мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад пулли Кохи Сафед бо истинод ба маъмурияти Амрико.

    «Мулоқоти бисёрҷониба дар Толори Шарқӣ анҷом ёфт», – гуфта мешавад дар хабар.

    Қаблан ВАО-и Украина бо истинод ба котиби матбуоти Зеленский Сергей Никифоров хабар дода буданд, ки гуфтушунидҳо «бо иштироки роҳбарон» дар утоқи Байзавл баъд аз танаффус аз сар гирифта шуданд.

    Портали амрикоии Axios менависад, ки Трамп бо роҳбари Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Нашрияи олмонӣ Bild иддао кардааст, ки барои ҳамин президенти ИМА мулоқот бо Зеленский ва роҳбарони аврупоиро қатъ кардааст, аммо Кохи Сафед, ба иттилои шабакаи Fox News, ин маълумотро тасдиқ накард.

    Трамп бо Зеленский ва роҳбарони аврупоӣ шомгоҳии рӯзи душанбе ба вақти Маскав гуфтушунид анҷом дод. Қисми ошкорои мулоқот камтар аз ним соат давом кард.

    Дар гуфтушунидҳо Дабири кулли НАТО Марк Рютте, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, нахуствазири Бритониё Кир Стармер, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, канцлери Олмон Фридрих Мерц, президенти Финландия Александр Стубб, нахуствазири Италия Ҷорҷиа Мелонӣ ва Владимир Зеленский ширкат карданд.

    Трамп, хусусан, дар сухани ифтитоҳии худ изҳор намуд, ки:

    умедвор аст дар поёни мулоқот бо роҳбарони ИА ва раиси «режими Киев» ба созишҳое бирасанд, ки ба баргузории мулоқоти сегона бо Русия оварда мерасонад;

    ният дорад мавзӯи «имкони ивази қаламравҳоро» баррасӣ кунад;

    умедвор аст ба созишҳо қариб дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла дар бахши амният, даст ёбад;

    ният дорад мулоқоти сегонаро оид ба Украина ташкил кунад.

    Зеленский бошад, гуфтушунидҳоро бо Трамп «бисёр хуб» номид ва таъкид кард, ки ИМА нишонаҳои омодагӣ ба таъмин кардани кафолатҳои амниятиро ба Украина медиҳад, менависад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates