Мураббии академияи "Барселона" ба Тошканд омад

    Варзиш 8 Iyul 2021 959

    Дар айни замон, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон бо мақсади ҳамоҳанг сохтани футболи бачагонаву наврасон ва фаъолияти академияҳои футбол дар минтақаҳо корҳои муназзам анҷом медиҳад.

    Аз ҷумла, Дэвид Санчес, ки зиёда аз даҳ сол мураббии академияи "Барселона" мебошад ва методологияи хоси футболро кор карда баромадааст, ба Тошканд омад.

    Байни мактаби футболи "JFL-Tashkent Football School" ва мутахассис аз Испания муносибатҳои хуб мавҷуданд. Ҳоло Дэвид Санчес барои мураббиёни ин мактаб дарси маҳорат мегузаронад.

    Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, шогирдони JFL имконият доранд, ки дар як мусобиқаи бонуфузи Испания, ки дар байни академияҳои футбол баргузор мешавад, ширкат варзанд. Инчунин, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузории бозиҳои назоратӣ бо тимҳои ҷавонони академияи "Барселона" дар назар аст.

    Мутахассиси ботаҷриба дар толори конфронси АФӮ барои мураббиёни мактабҳои футболи тамоми ҷумҳурӣ семинар баргузор намуд. Семинар дар шакли муколамаи кушода сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    Дэвид Санчес тавсияҳои муфиди худро ба ҳам дид ва дар бораи методикаи футбол, ки худаш таҳия кардааст, тақдимот гузаронд.

    Дар охири семинар, муовини якуми КМО ва ноиби аввали президенти АФӮ Равшан Эрматов ба мутахассис аз Испания изҳори миннатдорӣ карда, пешниҳод намуд, ки доимӣ ҳамкорӣ кунад ва машқҳои амалӣ баргузор намояд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates