Бино ба маълумоти канали Telegram-и Консулгарии генералӣ, дар натиҷаи ин садамаи автомобилӣ се шаҳрванди Ӯзбекистон, аз ҷумла Э.Ф.А. ва Ж.А.Ш. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, О.А.М. бошад, дар бемористон бинобар ҷароҳатҳои вазнин даргузашт, хабар медиҳад АИ «Дунё».
«Шаҳрвандони Ӯзбекистон С.Б.И., Р.М.А. ва К.Ф.Ж. бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи марказии ноҳияи Осини кишвари Перм бистарӣ карда шудаанд ва айни ҳол таҳти муолиҷаи тиббӣ қарор доранд, - гуфта мешавад дар хабар. - Ин ҳолат таҳти назорати Консулгарии генералӣ қарор дорад ва ба осебдидагон кумаки тиббӣ расонида мешавад. Ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил хоҳонем».
Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо намояндагони Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон тавассути рақамҳои зерин тамос гиред:
+7-843 526-55-63; +7-843 526-55-64; +7-843 526-55-65
Telegram: @kazan_mfa_uz