Тулқин Мирзаев: "Нархи гандуму орд ҳоло поин хоҳад рафт"

    Дар нишасти хабарӣ дар АИКО сардори департаменти Вазорати молия Тулкин Мирзаев ба болоравии нархи орд дар бозорҳо вокуниш нишон дод.

    “Бале, дуруст аст, дар бозорҳо орд боло рафтааст. Бо вуҷуди ин, ин як ҳолати муваққатӣ аст. Сабаби аслии болоравии нархҳо вазъи бозори ҷаҳонӣ бар асари бӯҳрони сиёсӣ миёни Русияву Украина ва гаронии қимати орди воридотӣ мебошад. Аммо дар Ӯзбекистон захираи орд ба қадри кофӣ мавҷуд аст. Дар рӯзҳои наздик ба бозор ба таври илова 50 ҳазор тонна орди маҳаллӣ оварда мешавад. Ин нархро муътадил мегардонад.

    Озодгардонии нархи орд фазои рақобатро фароҳам меорад. Нархҳо боло намераванд, танҳо дар шаҳри Тошканд тағйирёбии арзиши нони қолабӣ (буханка) дар назар аст. Дар бозорҳо, баръакс, поин рафтани нархҳо пешбинӣ шудааст», - гуфт Т.Мирзаев.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates