Президенти Туркия: Гирифтани ҷоиза бо номи Имом Бухорӣ барои ман шараф ва ифтихор аст

    Ҳукумат 10 Noyabr 2022 6085

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған бо ордени "Олий даражали Имом Бухорий" мукофотонида шуд.

    Маросими супурдани мукофот дар доираи нишасти кишварҳои туркӣ дар Самарқанд баргузор шуд.

    Бояд гуфт, ки раҳбарони ду кишвар ба Имом Бухорӣ эҳтироми зиёд доранд. Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар назди мақбараи олим Маркази байналмилалии илмиию тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Мактаби улуми ҳадис таъсис дода шуд. Вақте ки сарвари давлатамон соли 2017 дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора изҳор дошт, Президенти Туркия бо қаноатмандӣ қайд кард, ки номи пуршарафи Имом Бухории бузург бори аввал аз чунин минбари баланд садо медиҳад.

    Имсол бо пешниҳоди Президенти кишварамон ордени «Олий даражали Имом Бухорий» таъсис дода шуд. Ин мукофот ба уламо, муҳаққиқон, адибон, инчунин сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ барои хизматҳои хосаашон дар рушди илму маърифат, омӯзиш ва тарғиби васеи мероси мутафаккирони ҷаҳони ислом дода мешавад.

    – Ин ҷоизаи олӣ эътирофи шоистаи хидматҳои бузурги Шумо дар паҳн кардани маърифати исломӣ, ҳимояи манфиатҳои мусулмонони тамоми ҷаҳон, таъмини ваҳдату оромии уммати мо, тарғиби таҳаммулпазирии динӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ғояҳои нек мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев дар маросим.

    Шавкат Мирзиёев орденро тантанавӣ ба Реҷеп Теййип Эрдоған супурд.

    Президенти Туркия зикр кард, ки аз гирифтани ордени ба номи ҳадиснависи бузург хеле шод аст.

    – Гирифтани ин ҷоизаи арзишманди ба номи Имом Бухорӣ, ки қуллаи илми ҳадис ва шариати ислом аст, бароям шараф ва ифтихори бузург аст. Аз нахустин мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, ки ӯ аз осори Имом Бухорӣ иқтибос овард, дар ман нисбат ба бародари азизам эҳтироми хоса ва муносибати гарм пайдо шуд. Бо саъю кӯшиши ӯ дар Самарқанд марказҳои илмӣ сохта шуданд, олимони Туркия ва Ӯзбекистон ҳамкории зич доранд. Ман ин орденро ҳамчун рамзи мустаҳками бародарии деринаи абадии халқҳои мо, муносибатҳои мо, ки дар ҳамаи соҳаҳо инкишоф меёбанд, қабул мекунам. Аз номи худам ва аз номи халқи худ ба Президент ва мардуми Ӯзбекистон барои ин таваҷҷуҳи баланд самимона ташаккур мегӯям, – гуфт Реҷеп Таййип Эрдоған.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates