Сафари расмӣ ба Туркия анҷом ёфт

    Ҳукумат 7 Iyun 2024 2442

    Ҳамоиши пурсамари Ӯзбекистону Туркия дар шаҳри Анқара ба поён расид.

    Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор шуданд.

    Сарони давлатҳо дар доираи маҳдуд мулоқот ва ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ баргузор карданд.

    Дар натиҷа Эъломияи муштарак оид ба амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни ду кишвар ва 19 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид.

    Бори аввал роҳбарон бо сарварони корхонаву ширкатҳои пешқадам ҷаласаи муштарак баргузор карданд.

    Маросими сарфарозгардонии сарвари давлатамон бо “Ордени Ҷумҳурии Туркия” – ҷоизаи олии давлатии ин кишвар баргузор шуд.

    Дар поёни сафар Президент Шавкат Мирзиёев ва ҳамсарашро дар фурудгоҳи байналмилалии "Эсенбоға" Президент Реҷеп Таййип Эрдоған ва ҳамсараш гусел карданд.

    Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates