Пешвои миллии халқи туркман Президенти Ӯзбекистонро табрик кард

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июл бо Пешвои миллии халқи туркман, раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Пешвои миллии Туркманистон сарвари давлатамонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва беҳбудӣ, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

    Масъалаҳои кунунии муносибатҳои бисёрҷанбаи дӯстиву некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои пурмаҳсули ҷамъомадҳои ба қарибӣ барпогардидаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои тиҷоратӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.

    Аҳамияти афзоиши минбаъдаи гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ва рушди табодули фарҳангӣ таъкид гардид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates