Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд, ки бо парчамҳои давлатӣ ду кишвар оро дода шуда буд, меҳмони олиқадрро Сарвари давлати мо истиқбол гирифт.
Бар асоси барномаи сафари расмӣ, баргузории мулоқоти дуҷониба ва иштироки муштарак дар чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон баррасӣ хоҳанд шуд.