Дар фурудгоҳ меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар барномаи сафар ташрифи Сердар Бердимуҳамедов ба маҷмааи ёдгории “Ҳазрати Хизр” ва гузоштани гул ба пояи қабри Нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов пешбинӣ шудааст.