Туркманистон ба Ӯзбекистон то 1,5 миллиард метри мукааб газ хоҳад дод

    Энергетика 14 Dekabr 2022 983

    Ӯзбекистон барои қонеъ гардондани ниёзҳои дохилӣ дар фасли зимистон аз Туркманистон 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ворид мекунад.

    Роҳбари Администратсияи Президент Сардор Умурзоқов 12 декабр дар Ашқобод бо раҳбари Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот кард.

    Бино ба гузориши “Ритми Осиё”, дар ҷараёни мулоқот тавофуқ ҳосил шуд ва дар бораи дар як шабонарӯз 20 миллион метри мукааб – дар се моҳ 1,5 миллиард метри мукааб интиқол додани гази изофӣ ба Ӯзбекистон қарордод ба имзо расид.

    Дар сурати амалӣ шудани ин лоиҳа мушкилоти газе, ки дар зимистон дар Ӯзбекистон ба миён омадааст, метавонад комилан ҳал шавад.

    Роҳбари Туркманистон ва Сардор Умурзоқов алоҳида таъкид кард, ки солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ба сатҳи сифатан нав баромад. Ба ин комилан ҳамдигарфаҳмӣ ва ошкорбаёнӣ, ки ба муносибатҳои байнидавлатӣ хос аст, мусоидат мекунад, ки имкон медиҳад ҳамкориҳои судманд оид ба доираи васеи самтҳо пайваста ривоҷ дода шавад.

    Самти афзалиятноки шарикии дуҷониба соҳаи савдо ва иқтисодӣ мебошад. Дар ин замина зарурати нигоҳ доштани динамикаи мусбати гардиши мол, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ қайд карда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates